Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ ва кирдорҳои ношоиста дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, мавқеи занон дар хонавода ва ҷомеа, таҳкими муносибатҳои оилаву оиладорӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим конференсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи амалиёти 16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ” миёни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

Дар кори конференсия Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор, ректори ДДМИТ, Гавҳар Шарофзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширин Қурбонова, раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, доктори илмҳои таърих, профессор, Миҷгона Бобоҷонзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамзамон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрабо Маҳмашарифзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шаҳноза Ғафорова, муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректор меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур дар ташаккули маърифати ҳуқуқиву ахлоқӣ ва аз байн бурдани ҳама шаклҳои зўроварӣ мусоидат намуда, дар раванди инкишофи амалинамоии ҳадафҳои демократикунонии ҷомеаи мо мусоидат хоҳад кард.

- Яке аз масъалаҳои калидие, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин мушкилоти зуроварӣ дар рӯзгори инсоният ба шумор меравад. Масъалаи мазкур решаҳои таърихии ташаккулёбӣ ва сабабу муаммоҳои гуногуни бавуҷудоии худро дорад, ки аз ҷониби ҷомеашиносону равоншиносон мавриди таҳқиқот қарор гирифтааст. Аммо, он чӣ ки имрӯз барои мо бисёр муҳим мебошад, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварӣ дониста мешавад. Зеро ташаккули ҷомеаи солим, таъмини зиндагии орому осудаи инсон ва шаҳрванд ва бартараф намудани мушкилот дар ҳаёти мо яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеа буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, ташаккули шахсияти ҷавонон, пешгирии ҳама шаклҳои зӯроварӣ, инкишофёбии бомароми устувории ҷамъият мусоидат менамояд, - гуфт Сатторзода Бобоҷон.

Ба андешаи ректор, мавҷудияти муаммоҳои зӯроварӣ бо назардошти миқёси ин зуҳурот дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди мо мушкилоти муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ҳоло ки мақсаду ҳадафи мо ташаккули бомароми як ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст, бояд дар самти пешгириву аз байн бурдани ҳама шаклҳои зўроварӣ муташаккилона, бо дарки волои шинохту ҳимоя ва гиромӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мубориза барем.

Дар тақвияти ин суханҳо, профессор Ширин Қурбонова иброз дошт, ки оила яке аз ячейкаҳои муҳимтарини ҷамъият ба ҳисоб рафта, аз зану шавҳар ва фарзандон иборат мебошад. Номбурда якдигарфаҳмӣ, муҳаббат ва босавод буданро боиси пешгирии ҳар гуна хушунату зӯроварӣ дар оила арзёбӣ намуд.

- Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ пешниҳод карданд, ки соли 2015 "Соли оила" эълон карда шавад. Ин иқдом дар кам гардидани бекоршавии ақди никоҳ, хушунати оилавӣ ва дастгирии занони ҳунарманд ва оилаҳои камбизоат бо замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ мусоидат кард, - афзуд Ширин Қурбонова.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода дар навбати хеш ҷойгоҳи зан-модарро аз дидгоҳи дини мубини ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам баҳогузорӣ намуда, дар бораи устувор нигоҳ доштани оила, эҳтироми ҳамдигар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан ронда, зӯроварии ҷисмонӣ ва руҳиро дар алоҳидагӣ бо мисолҳои мушаххас фаҳмонид.

Дар идома Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода дар баромадаш қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат дар самти амалисозии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ташаббусҳои муҳимеро амалӣ намудааст. Барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ дар кишвар 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Ҳамзамон, дар конференсия гуфта шуд, ки масъалаи оила ва оиладорї, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мавқеи зан дар ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015 таъкид карданд, ки “ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Ба андешаи Роҳбари давлат, “масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои банди 8-и «Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2025-2027 оид ба амалисозии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2025, таҳти №290 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардида, коҳиш додани хушунати хонаводагӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа аз ҳадафҳои асосии чорабинӣ маҳсуб меёфт.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ