Санаи 1-уми декабри соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани низомномаи Шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, бо иштироки мудирони кафедраҳо ва кураторони гурўҳҳои академӣ дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ ҷаласаи Шурои кураторон доир гардид.

Сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Мавҷуда Давлатова дар бораи тибқи талаботи муқарраргардида дуруст намудани ҳуҷҷатҳои кураторӣ, ҷалби донишҷўён ба раванди таълим, робитаи зич бо волидайни донишҷўён, инчунин, дар раванди соатҳои тарбиявӣ фаҳмонидани нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм ва терроризм” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба самти таълиму тарбия марбут аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд.

Гуфта шуд, ки тамоми кураторонро зарур аст, ки дар асоси низомномаи Шурои кураторон дарсҳои худро ба роҳ монанд. Инчунин, аз будубоши донишҷўёне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, мунтазам хабардор бошанд.

Аз тамоми кураторони факултет даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро дар асоси низомномаи мазкур ба роҳ монанд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷўён дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ дар ҷараёни баргузории соатҳои тарбиявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар анҷоми ҷаласа мудирони кафедраҳо ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ дар факултет пешниҳодҳои судманд намуданд.

 

Тағоймурод Эшзода