ҲАМКОРИИ ОИЛА ВА ДОНИШГОҲ: ЗАМИНАИ МУВАФФАҚИЯТИ ТАЪЛИМ
Рӯзи 29-уми ноябри соли равон факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки волидайни донишҷӯёни курси 1-ум ҷаласаи васеъ таҳти унвони “Ҳамкории оила ва донишгоҳ дар баланд бардоштани савияи донишу тарбияи донишҷӯ” доир намуд.
Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов доир ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои низоми таҳсилоти олӣ - ҳамкории оила ва донишгоҳ ибрози андеша намуд. Зеро маҳз ҳамин ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, ки донишҷӯён на танҳо дониши босифат, балки тарбия, фарҳанг ва масъулияти иҷтимоиро соҳиб гарданд.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова бошад, дар баромадаш гуфт, ки дар шароити рушди ҷомеаи муосир, тарбия ва таълими ҷавонон танҳо вазифаи муассисаи таҳсилоти олӣ нест. Оила ва донишгоҳ ҳамчун ду сутуни асосии рушди шахсият бояд ҳамкории муназзам ва масъулона дошта бошанд. Муносибати ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ миёни ин ду ниҳод имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯён дар муҳити ягонаи дастгирӣ ва назорат рушд намоянд.
Сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов иброз дошт, ки тарбияи ҷавонон на танҳо раванди дохилидонишгоҳӣ, балки ҳамкории пайвастаи ду ниҳоди муҳим - оила ва муассисаи таҳсилоти олӣ мебошад. Дар замони муосир, ки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд, тақвияти робитаи оила ва донишгоҳ ба як омили калидии муваффақият дар корномаи тарбияи донишҷӯ табдил ёфтааст.
Дар анҷоми чорабинӣ, садорати факултет ба донишҷӯёне, ки бо хониши хубу аъло ва бо интизоми намунавӣ таҳсил мекунанд, сипосномаҳо тақдим кард.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng