4-уми декабри соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, бо ташаббуси ассистентони кафедраи фаъолияти бонкии факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - Исматулло Ҷумаев ва Сорбон Шарбатов, донишҷӯёни курси 1-ум ва 4-уми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид намуданд.

Дар Осорхонаи Пешвои миллат донишҷӯён бо ҳаёт ва фаъолият, асарҳо ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ пайдо намуданд.

 Боздид аз Осорхонаи Пешвои миллат дар зеҳни донишҷӯён ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бедор намуда, дар ташаккули ватандӯстии эшон заминагузор хоҳад буд.

  Шуъбаи иттилоот ва нашрия