РУШД ВА АФЗАЛИЯТҲОИ БАХШИ МОЛИЯ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМКУНОНӢ
Рӯзи 6-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи молияи факултети молия ва иқтисоди ДДМИТ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Рушд ва афзалиятҳои бахши молия дар шароити рақамкунонӣ: муаммоҳо, имкониятҳо ва дурнамо» доир гардид.
Нахуст, ректори ДДМИТ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иброз дошт, ки аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун иди касбии кормандони мақомоти молия қайд карда мешавад.
- Мо дар марҳалаи таърихие қарор дорем, ки таҳаввулоти рушди бесобиқаи иқтисоди рақамӣ на танҳо тарзи зиндагӣ, балки тамоми низоми муомилоти молиявӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва идоракунии давлатиро дигаргун месозад. Рақамикунонӣ дигар танҳо як раванд нест, балки муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ, омили устуворсозии молиявӣ, воситаи таъмини шаффофият, масъулият ва самаранокии сиёсати давлатӣ шудааст. Аз ин рӯ, баҳсу баррасии масоили марбут ба рушди бахши молия дар чунин муҳит дорои аҳамияти калон аст, - гуфт ректор.
Бахши молия ҳамчун такягоҳи асосии нигоҳдории тавозуни иқтисодӣ метавонад бо истифодаи технологияҳои нав, низоми муосири пардохт, идоракунии таваккал, банақшагирӣ ва назорати хароҷоту даромадҳоро ба сатҳи сифатан нав барорад. Ҷаҳони имрӯз бештар ба муомилоти ғайринақдӣ, бонкдории мобилӣ, хизматрасониҳои технологияҳои молиявӣ, воқеияти рақамӣ ва таҳлили додаҳои бузург такя мекунад.
Ба эътимоди Бобоҷон Сатторзода, ин конфронс барои пешниҳод ва баррасии идеяҳои нави илмӣ, ислоҳоти зарурӣ, таҷрибаҳои муфид ва роҳҳои амалии рушди бахши молия дар шароити рақамикунонӣ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои кор метавонад ба таҳкими суботи молиявии кишвар, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт, вусъат бахшидани хизматрасониҳои молиявӣ-рақамӣ ва иҷрои бомуваффақияти ҳадафҳои стратегии миллии кишвар саҳми арзанда гузорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, устодони ДДМИТ - Кошонова Манзура, Оймаҳмадов Гулмаҳмад, Урунбоев Абдумухтор ва Убайдуллозода Файзулло барои саҳми арзанда дар пешбурди сиёсати молияи давлатӣ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Вазорати молия қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, дар ин конференсия ба мудири бахши иттилоот ва танзими шуъбаи иттилоот ва нашрия, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Носирзода Ҳусейни Саъдулло низ Ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Дар идома профессори кафедраи молияи донишгоҳ, доктори илми иқтисод Кошонова Манзура дар мавзуи “Корхонаҳои хурду миёна ва механизмҳои таъсиси истеҳсолоти инноватсионӣ” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шарифзода Баҳром Маҳмуд дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои рушди низоми молиявию қарзии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Дар идомаи кори конфронс номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Г. Оймаҳмадов доир ба низоми идоракунии молиявӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионии устувории молиявӣ изҳори андеша кард.
Тавре зикр гардид, идоракунии устувори молиявӣ яке аз омилҳои асосии рушди ҳар як ташкилоту корхона ба ҳисоб меравад. Зери мафҳуми устувории молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии дурусти даромад ва хароҷот, истифодаи самараноки захираҳо ва нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирӣ фаҳмида мешавад.
Дар конференсия, инчунин, қайд гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас, соҳаи молияи рақамӣ бо як қатор мушкилоти воқеӣ рӯбарӯст, ки ҳалли онҳо зарурати ҷиддии илмӣ, техникӣ ва идоракуниро дорад. Аз ҷумла, масъалаҳои бехатарии молиявӣ, ҳимояи маълумоти махфӣ, таъмини устувории шабакаҳои пардохт, ҳамгироии низомҳои иттилоотии ташкилотҳои молиявӣ ва сатҳи пасти саводнокии молиявию рақамии аҳолӣ аз мушкилоти асосианд. Илова бар ин, камбуди кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои молиявӣ ва зарурати такмили пайвастаи дониш ва малакаҳои кормандони мақомоти молия масъалаест, ки имрӯз талаботи замон онро шадидан пеш мегузорад.
Бо вуҷуди ин, имкониятҳои пешрафт хеле зиёд мебошанд. Пеш аз ҳама, рушди босуръати инфрасохтори рақамӣ дар кишвар, густариши хизматрасониҳои пардохти мобилӣ, фаъолшавии ширкатҳои технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар баҳодиҳии хавфҳои молиявӣ, таҳлили ҷараёнҳои иқтисодӣ ва баланд шудани сатҳи рақамикунонии идоракунии давлатӣ имкон медиҳанд, ки дар солҳои оянда ба модели устувори иқтисоди рақамӣ гузарем. Аз ин рӯ, ҳар як иқдом, ҳар як тадқиқот ва ҳар як ташаббуси илмӣ, ки дар чунин конфронсҳо пешниҳод мегардад, метавонад ба рушди ин раванд таъсири амалӣ расонад.
Ба андешаи баромадкунандагон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои равияи иқтисодӣ дар ин ҷараён нақши калидӣ доранд. Онҳо бо омода намудани кадрҳои соҳибмаълумот ва навовар, бо рушди тадқиқоти илмӣ ва коркарди лоиҳаҳои инноватсионӣ метавонанд ба рушди иқтисоди рақамӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Мо вазифадорем, ки барномаҳои таълимиро мутобиқ ба талаботи ҷаҳони рақамӣ созем, равишҳои омӯзишро нав кунем, лабораторияҳои инноватсионӣ таъсис диҳем, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои технологӣ ва мақомоти давлатӣ тақвият бахшем ва муҳити эҷодиро дар миёни ҷавонон густариш диҳем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем ба бозори меҳнати муосир мутахассисонеро пешниҳод намоем, ки ба рушди иқтисоди рақамии кишвар хизмати воқеӣ намоянд.
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифта, корференсия дар бахшҳо идома ёфт.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng