Рӯзи 4-уми декабри соли равон дар доираи Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” дар китобхони илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии “Дурахши илм” доир гардид.

Сараввал, директори китобхонаи илмии донишгоҳ Азизулло Исматуллозода дар бораи ташаббусҳои илмии донишгоҳ ва ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонӣ, аз бар намудани фанҳои таълимӣ ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои донишгоҳӣ сухан ронд.

Сипас, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов дар бораи баланд бардоштани донишу маҳорати илмии донишҷӯён ва пайвандии илм бо истеҳсолот изҳори андеша кард.

- Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст, - гуфт Ё. Тилабов.

Тибқи нақша, дар маҳфил Хатича Сайдалиева - донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 25010500 - омор дар мавзуи «Таҳлили иќқисодии омории бозори маҳсулоти кишоварзӣ» баромад намуд.

Аз ҷониби баромадкунанда таъкид карда шуд, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, хадафи стратегӣ - амнияти озуқавори мамлакатро таъмин мекунад. Тафовути асосии соҳаи кишоварзӣ аз саноат дар он аст, ки он бо ҷараёни биологӣ сахт алоқаманд буда, маҳсулот дар шакли аввала бо  сарфи меҳнати инсон истеҳсол мегардад.

Аз ҷониби дигар, истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳолате анҷом меёбад, ки занҷири табии истеҳсолӣ ба итмом расида, маҳсулоти тайёр дар шакли табиӣ ба даст оварда мешавад.

Дар интиҳои маҳфил донишҷӯён ба баромадкунанда саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия