МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ
Рӯзи 8-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ҳамчун механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон: мушкилот ва роҳҳои ҳал» мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки ҳамоиши илмии мазкур ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии мубориза ба коррупсия башида шудааст. Ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи муосир арзиши олӣ ба ҳисоб меравад, аммо то он даме ки коррупсия вуҷуд дорад, ҳуқуқи инсон пурра амалӣ намешавад. Зеро коррупсия ба адолат халал мерасонад, дастрасиро ба хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мекунад, ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ монеа мегузорад ва боварии шаҳрвандонро ба идоракунии давлатӣ коҳиш медиҳад.
- ДДМИТ ҳамчун маркази таълим ва илм дар ташаккули ҷаҳонбинии дурусти ҷавонон нақши калидӣ дорад. Мо вазифадорем, ки ба онҳо на танҳо дониш, балки меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, сиёсати масъулиятнок ва равиши зиддикоррупсиониро омӯзонем. Натиҷагирии ҳамоиши илмии мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва хосатан, бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳад намуд, - афзуд Қ. Муқимов.
Сипас, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники хизмати дохилӣ Раззоқзода Тамкин Мурод дар мавзуи “Баъзе масъалаҳо доир ба рушди қонунгузории самти коррупсия ҳамчун механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон” баромад намуда, қайд кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти дастҷамъӣ ва оперативиро талаб менамояд. Дар ин самт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузорӣ ташаккул ёфта, барнома ва стратегияҳои миллии муқовимат ба коррупсия қабул гардидаанд ва давлат бо мақсади таъмини таъиноти иҷтимоии худ, яъне ҳифзи ҳуқуқи инсон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Раҳмонзода Фаромарз Назришо дар мавзуи “Нақши Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҳифз намудани ҳуқуқи инсон” маъруза намуда, иброз дошт, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошту дорад. Дар партави ин сиёсат ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.
Дар идомаи кори мизи мудаввар мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Фаррух Алиев дар мавзуи “Масъалаи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар самти муқовимат бо коррупсия” изҳори андеша карда, афзуд, ки омӯзиши мунтазам ва дастрас кардани маълумоти боэътимод дар бораи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дуруст дарк намоянд. Истифодаи технологияҳои муосир, платформаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои таълимӣ метавонад дастрасии ҷавононро ба иттилооти ҳуқуқӣ зиёд намояд. Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар рушду таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Ҷавононе, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ доранд, метавонанд ҳамчун неруи фаъол дар мубориза бо коррупсия амал карда, ба рушди ҷомеаи мутамаддин саҳми арзанда гузоранд.
Дар музокира омӯзгорон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Шавкат Исмаилов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобозода ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи донишгоҳ Субҳоналӣ Мирзоев қайд карданд, ки ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин, масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng