Рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар доираи Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифати молиявӣ” бо иштироки мутахассисони соҳаи молиявию бонкдорӣ мастер-класс доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”.

Дар ин асос, бори нахуст ба ташаббуси ДДМИТ Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад, ки ба тақвияти донишҳои илмиву назариявии ҷавонону донишҷӯён мусоидат менамояд.

Ба андешаи мавсуф, ҳамаи ин ташаббусҳо ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 7 декабр қайд карда мешавад, бахшида шудааст.

Сипас, муовини аввали Раиси Раёсати “Спитамен Бонк”, доктори илмҳои иқтисодӣ Умедҷон Ҳикматов, ки муаллифи воситаи таълимӣ бо забони тоҷикӣ бо номи “Саводнокии молиявӣ” мебошад, зимни баромади хеш иброз намуд, ки баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, алалхусус насли наврас ва ҷавонон аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ба андешаи мавсуф, саводнокии молиявӣ маҷмуи маълумотҳои асосӣ дар соҳаи молия, фаъолияти бонкӣ, суғуртакунӣ ва инчунин, буҷетикунонии маблағҳои шахсӣ мебошад, ки ба кас имконият медиҳад, то маҳсулоти зарурии молиявиро/хизматрасониро дуруст интихоб карда, оқилона баҳодиҳӣ намояд, хавфҳои дар рафти истифодаи онҳо бамиёномадаро ба зимма гирад, самаранок пасандозҳоро ҷамъоварӣ намояд ва тавонад амалиётҳои шубҳанок ва дорои хусусияти қаллобидоштаро муайян намояд.

Дар идома, сардори шуъбаи бозомӯзии кормандони КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Амриддин Зайниддинов оид ба таърихи ташкили «Амонатбонк», ки дар асоси кассаҳои қарзӣ-амонатгузорӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро аз соли 1885 оғоз намудааст, ба иштирокчиён маълумот дод.

Номбурда, инчунин, доштани маърифати молиявӣ, такмили донишҳои молиявии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолиро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки «Амонатбонк» дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд.

Ба андешаи баромадкунанда, агар шаҳрвандон пасандози худро дар бонк нигоҳ доранд, дар баробари осудагӣ ва бехатарии молиявӣ, фоизи хубро ҳам ба даст меоваранд.

Модератори маҳфил Субҳон Ҷалилов дар навбати худ иброз дошт, ки ДДМИТ дар саргаҳи тарғиботи маърифати молиявӣ қарор дорад. Устодону кормандони донишгоҳ пайваста дар расонаҳои хабарӣ дар бораи баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ суҳбатҳои судманд доир менамоянд.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими молиявӣ сурат гирифт.

Наврӯз ҶОБИРОВ