ДДМИТ: ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЪРИФАТ ВА АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ”
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишон додани ташаббусҳои тоза ба тоза дар баргузории ҳамоишҳои илмиву назариявии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид мегардад.
Агар донишгоҳ қаблан ба сифати ташкилкунандаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардида буд, инак бо таъсиси Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” озмуни мазкурро дар таърихи мавҷудияташ ба номи худ сабт кард.
Санаи 4-уми декабри соли равон бо ташаббуси муштараки раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар кишварамон бори аввал Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” ба кори худ оғоз намуд, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор намудани завқи зеҳнӣ, пайдо кардани қобилияти тадқиқотии донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои олии мамлакат мебошад.
Сароғоз аҳли раёсат ва ҳайати профессориву омӯзгории ДДМИТ меҳмонон ва иштирокдорони олимпиадаро ҷиҳати боздид аз намоиши маҳсулоти бонкӣ ва суғуртавии бонкҳои давлативу тиҷоратии кишвар роҳбаладӣ намуда, ҳамзамон бо дастовардҳои тайи солҳои охир бадастовардаи омӯзгорону донишҷӯёни боргоҳи илму маърифат шинос сохтанд.
Сипас, ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор дар маросими ифтитоҳи олимпиада меҳмонони олиқадри ба донишгоҳ ташрифоварда:
Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат - директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Гулнора - муовини директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, Раҳмонзода Сафараҳмад-намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гуланор Атобек-раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф-бонк”, Салимова Тахмина Саидовна - мудири Маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, ба иштирокчиён барору комёбӣ ва ба ҳайати комиссияву ҳакамон таъмини шаффофият хост.
Дар идома мавсуф афзуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” бо мақсади таҳкими заминаҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, инчунин, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯёну магистрантон, дарёфти ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, таълимию омӯзишӣ ва илмию тадқиқотии онҳо дар соҳаи бехатарии молиявӣ, муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия роҳандозӣ шудааст.
Ба андешаи мавсуф, бо сабаби пешрафтҳои босуръати технологикунонии ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки асри 21 ҳамчун асри рақамикунонӣ ва иттилоот ном бурда мешавад, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бо таъсири инкишофёбии равандҳои рақамикунонӣ на танҳо фаъолияти субектҳои давлативу ҷамъиятӣ, балки ҳаёти шахсони алоҳидаро низ фаро гирифта, ҷузъи муҳимтарини ҷомеа шудааст, ин маърифат ва амнияти молиявӣ мебошад.
“Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо бо мақсади таҳкими амнияти иттилоотӣ ва молиявӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд, ки муҳимтаринашон, қабули Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар санадҳои муҳиму актуалӣ, инчунин раванди татбиқи онҳо мебошанд”, - зикр намуд Бобоҷон Сатторзода.
Ба иттилои ректори ДДМИТ, олимпиада тибқи талаботи Низомнома аз рӯйи номинатсияҳои “Маърифати молиявӣ” ва “Амнияти молиявӣ” барои донишҷӯён ва магистрантон доир гардида, ки дар он 47 нафар довталаб аз 23 муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Ба таъкиди номбурда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор гардидани он аз ҳисоби вазорату идораҳои босалоҳият ва масъул комиссия ва ҳайати ҳакамон ба кори он ҷалб гардидаанд.
Зимни баромади хеш директори Агентии қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат ба самъи ҳозирин паёми вазири молияи Вазорати молия муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Сатторро ҷиҳати дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гаштани олимпиада расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки масъалаи маърифат ва амнияти молиявӣ дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳиму устувори сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди устувори иқтисод, идоракунии шаффофи маблағҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки шаҳрвандон дорои дониши амиқу маърифати дурусти молиявӣ бошанд.
Ба таъкиди Нигина Абдураҳмонзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баланд бардоштани маърифати молиявӣ ҳамчун шарти муҳим барои рушду устувории иқтисодӣ эътироф гардида, лоиҳаҳои гуногуни омӯзишию машваратӣ тавассути бонкҳо, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Бо назардошти афзоиши хизматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла пардохтҳои онлайнӣ, бонкдории мобилӣ, тиҷорати электронӣ, донистани усулҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти киберӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст.
Вобаста аз ин имрӯз дар ҳошияи консепсия, барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёну магистрантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони “Маърифат ва амнияти молиявӣ” баргузор гашта истодааст, ки он ба дарёфти ҷавонони соҳибистеъдоди дорои донишҳои хуби молиявӣ имкон фароҳам оварда, дар баробари ин, ба тарзи тафаккур ва фарҳанги муомилоти дурусти аҳли ҷомеа бо пул, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти иқтисодӣ ва беҳбуди некӯаҳволӣ мусоидат мекунад.
Муовини директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Саломзода Гулнора бошад, перомуни шарту шароити баргузории озмун суҳбат намуда, зикр сохт, ки олимпиада аз рӯйи ду номинатсия: маърифати молиявӣ ва амнияти молиявӣ доир гардида, дар он аз ҳар муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 1 донишҷӯ (бакалавр) ва 1 магистр иштирок карда метавонанд. Номбурда хотиррасон шуд, ки олимпиада дар ду давр гузаронида шуда, даври якуми олимпиадаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи ноябр баргузор карда шуда, танҳо 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як номинатсия барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки имрӯз оғоз гардид, пешниҳод шуданд. Ғолибони даври ниҳоӣ дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия баргузор карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ бо диплом, мукофоти пулӣ ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фароварди нишаст доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДДМИТ Шариф Раҳимзода аз иқдоми раёсати донишгоҳ хуш истиқбол гирифта, дар мавриди фаъолият ва амнияти молиявии аҳли ҷомеа суҳбат намуд ва саводнокии молиявиро ҳамчун кафили амнияти молиявӣ маънидод сохта, ҳамзамон афзуд, ки маърифати молиявӣ, ин маърифатнок пасандоз намудани пул аст.
Зимнан, баъди маросими ифтитоҳи олимпиада тибқи нақшаи тартибдодашуда довталабони олимпиада ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба онҳо семинарҳои илмӣ, мастер-классҳо, маҳфилҳои маърифатии “Дурахши илм” ва “Навоварон” гузаронида шуд.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” фардо низ идома меёбад.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng