МАРОСИМИ НАТИҶАГИРИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЪРИФАТ ВА АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ”
Рӯзи 5-уми декабри соли 2025 маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷӯёну магистрантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки аввалин маротиба бо ташаббуси муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” гузаронида шуд, доир гардид.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов аз номи ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иштирокчиён ва ғолибонро бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки дар раванди олимпиадаи мазкур, тули ду рӯз чорабиниҳои гуногуни илмӣ дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи маърифати молиявӣ, мастер-класс дар мавзуи амнияти молиявӣ, маҳфили илмии донишгоҳии “Дурахши илм”, Шурои илмӣ-инноватсионии донишҷӯён - “Навоварон” доир гардида, раванди баргузории онҳо тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурра пахш гардиданд. Ҳолати мазкур имкон фароҳам овард, ки ҷомеа вобаста ба раванди баргузории олимпиада ва чорабиниҳои дигари доиршуда ба маълумоти иттилоотӣ таъмин гардида, иштирокчиён аз ҷараёни баргузории он ва фаъолияти ДДМИТ таассуроти хуб низ бо худ гирифтанд.
Номбурда ба сарпарастон ва ҳайати комиссияи тадорукот, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва одилонаву шаффоф доир шудани олимпиада саҳми сазовор гузоштанд, миннатдорӣ баён карда, бо боварӣ изҳор дошт, ки баргузории олимпиада барои ташаккули донишҳои касбии мутахассисони ҷавон таъсири мусбат мегузорад.
- Бо истифода аз фурсат пешниҳод менамоям, ки ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ доир намудани олимпиада моро зарур аст, ки тадбирандешӣ намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф, раёсати донишгоҳ чораҳои заруриро андешида, бо шарикон дар ҳамкории зич қарор дорад. Мо мақсад дорем, рамзи баргузории олимпиадаро дар Агентии патент ва иттилоот расман ба қайд гирифта, минбаъд баҳри боз ҳам беҳтар доир гардидани он иқдомҳои навро амалӣ созем, - афзуд С. Мирсаидов.
Сипас, муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломзода ғолибонро барои расидан ба ин муваффақият табрик намуда, илова кард, ки дар олимпиадаи мазкур 32 донишҷӯ ва 12 магистр аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Боварӣ аст, ки онҳо пас аз хатм дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву молиявӣ ва бонкҳою ташкилотҳои қарзиву суғуртавии кишвар самаранок кору фаъолият намуда, дар пешрафти ин соҳаҳо саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар идома, намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Алиф” Шерзод Содиқов олимпиадаи мазкурро ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» муфид арзёбӣ намуд. Тавре номбурда афзуд, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷӯён аз рӯйи номинатсияи “Маърифати молиявӣ” Яҳё Бобоназаров - донишҷӯи ДДМИТ соҳиби мақоми аввал, Мунзифахон Ходжаева – донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм ва Ҳабиба Каримбаева – донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мақоми сеюмро ба даст оварда, бо ҷом, мукофотҳои пулӣ ва диплом сарфароз гардиданд.
Миёни донишҷӯён аз рӯйи номинатсияи “Амнияти молиявӣ” бошад, ҷойи якум ба Файзимоҳ Нарзуллоева - донишҷӯи ДДМИТ, ҷойи дуюм ба Ситора Назарова - донишҷӯи ДМТ ва ҷойи сеюм ба Умеда Шукурова - донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе лоиқ дониста шуда, онҳо низ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни магистрон аз рӯйи номинатсияи “Маърифати молиявӣ” Манучеҳр Эгамбердиев - магистранти Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби мақоми аввал, Ҳусейнҷон Илҳомзода - магистранти ДДМИТ ҷойи дуюм ва Фотима Шарипова - магистранти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ҷасурбек Султонов - магистранти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми сеюмро ба даст оварда, бо ҷом, мукофотҳои пулӣ ва диплом сарфароз гардонида шуданд.
Миёни магистрон аз рӯйи номинатсияи “Амнияти молиявӣ” бошад, ҷойи якум ба Сино Сафарзода - магистранти ДМТ, ҷойи дуюм ба Лоиқ Раҳмонов – магистранти ДДМИТ ва ҷойи сеюм ба Алишер Суфиев - магистранти Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон лоиқ дониста шуда, бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Иштирокчиёни фаъол: Имомиддин Қаландарзода - донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Аминҷон Яхёев - донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Суннатуллои Миршакар - донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Сурайёи Тоирхон - донишҷӯи Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамии Тоҷикистон, Муҳаммади Давлатбек - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Мудассираи Давлаталӣ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Насиба Абдурозиқова - магистранти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба ҳайати ҳакамон: Саломзода Гулнора Ғулом - муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ, Тахмина Салимова - мудири Маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявии назди БМТ, Фирӯза Файзуллоева - намояндаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, Сафараҳмад Раҳмонзода - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансур Раҷабов – намояндаи ҶСП “Ҳумо Бонк” ва Манучеҳр Ҳусейнов - мудири кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сипоснома супорида шуд.
Зимни маросими ҷоизасупорӣ ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар баргузории Олимпиадаи мазкур сипосномаҳо тақдим гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng