БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДМИТ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Бо мақсади аз наздик шинос шудан ба таърихи миллат, дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкиливу тарбиявии донишгоҳ як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ 9-уми декабри соли равон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Бино ба иттилои эдвайзер оид ба тарбияи факултети номбурда Беҳрӯз Шарифзода, зимни амалисозии ин иқдом донишҷӯён бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, саҳифаҳои таърихии давлатдории миллат, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои замони муосир ошноӣ пайдо намуданд, чунки то ин дам бисёре аз онҳо, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳри Душанбе барои таҳсил омадаанд, бори нахуст аз ин макон дидан карданд.
Боздиди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз осорхонаҳои дигари кишвар низ дар назар дошта шудааст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng