Санаи 9-уми декабри соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкиливу тарбиявии донишгоҳ як гурӯҳ донишҷӯёни курси чоруми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ, таҳти роҳбарии муовини декан оид ба тарбия Абдулло Шомуродов ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик аз Осорхонаи миллӣ боздид намуда, ба ёдгориҳои нодир ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик ошно шуданд.

Донишҷӯён дар толорҳои осорхона - шуъбаҳои табиат, таърихи бостон, асрҳои миёна, таърихи нав, навтарин, санъати тасвирӣ ва амалиро тамошо карда, ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд.

Бояд қайд кард, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ карда, дар назди боғи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия