Рӯзи 11-уми декабри соли равон маҳфили навбатии илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ - “Ҳуқуқдони замони муосир” дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими он” доир гардид.

Нахуст, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони саодатманди миллат, пеш аз ҳама, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва аз ташаббусҳои Роҳбари давлат нисбати ҷавонон миннатдоранд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо, мо - ҷавононро мебояд, ки барои омӯзиши илму дониши муосир кӯшиш намуда, саҳми худро дар роҳи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори кишвари азиз афзоем.

Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳматулло Қаландаров ва мудири кафедра, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷамрод Бобозода зимни суханронӣ иброз доштанд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифт. Дар шароити имрӯзаи давлатдорӣ саҳми ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле калон мебошад. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Дар маҳфили илмӣ донишҷӯёни курси якум - ихтисоси 1-24010302 Акрам Бегматов дар мавзуи “Ҷавонони Ватандӯст - ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватан”, ихтисоси 1-24010302 Фараҳноз Давлатзода дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон” ва ихтисоси 1-24010302 Беҳрӯз Калонов дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон - поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия