10-уми декабри соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ, тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ бо мақсади рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ ва густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён, ҳамчунин, баҳри шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва мероси миллии халқамон, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Дар рафти шиносоӣ донишҷӯён дар бораи таърихи давраҳои мухталифи инкишоф, ёдгориҳои қадима ва намунаҳои нодири фарҳангӣ маълумот гирифтанд.

Ин тадбир яке аз қисмҳои муҳими тарбиявӣ буда, ба ташаккули ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баландбардории савияи маърифати таърихии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Донишҷӯёнро дар ин боздид эдвайзер оид ба тарбияи факултет Муҳаммадсаид Изатуллоев, муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳон Гулҷаҳон Хоҷахонова ва муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Матлабшо Ҳакимзода ҳамроҳӣ намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА