МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ОДАМРАБОӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, 4 майи соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявӣ дарси тарбиявӣ дар мавзуи «Терроризм ва одамрабоӣ: таҳдидҳои муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо дар ҷомеа» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳуқуқшиноси дараҷаи 3, корманди прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Суҳроб Амакиев суханронӣ намуд.
Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов иброз намуд, ки мубориза бар зидди терроризм, одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон яке аз роҳҳои асосии пешгирии чунин амалҳои хатарнок мебошад.
Қайд гардид, ки имрӯз хариду фурӯши одамон яке аз шаклҳои муосири ғуломдорӣ ба ҳисоб рафта, одамон тавассути фиреб, таҳдид ё истифодаи зӯрӣ ба истисмор гирифтор мешаванд. Ин ҷиноят метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла меҳнати иҷборӣ, истисмори ҷинсӣ, гадоӣ, ҷалби кӯдакон ба корҳои вазнин ва ҳатто фурӯши узвҳои инсон зуҳур намояд. Одамрабоӣ низ яке аз омилҳои асосии содиршавии чунин ҷиноятҳо арзёбӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон барномаҳои миллӣ қабул ва амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи асосии ин барномаҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, ҷазо додани гунаҳкорон ва дастгирии қурбониёни чунин амалҳои ғайриқонунӣ мебошад.
Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон бештар ба камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, муҳоҷирати меҳнатии беназорат, нобаробарии иҷтимоӣ ва боварии аз ҳад зиёд ба ваъдаҳои бардурӯғи кору зиндагии беҳтар вобастагӣ доранд.
Дар идома мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ Фаррух Саидаҳмадов иброз дошт, ки таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити ҳамкории зичи давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон имконпазир мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб бетараф набошад ва барои баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати ҳуқуқӣ саҳмгузор бошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами марбут ба терроризм, одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани ҳушёрии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng