САЙРИ ТАМОШОИ ҶОЙҲОИ ТАЪРИХИИ ПОЙТАХТ
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси раёсати ташкилию тарбиявӣ, таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва садорати факулети ҳисобдорӣ ва омории ДДМИТ ва як гурӯҳ донишҷӯёни соли аввали ин факултет аз майдони “Дӯстии пойтахт” ва Боғи устод Рӯдакӣ дидан намуданд.
Ин иқдом бо мақсади шиносоӣ аз таъриху давлатдорӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардида, донишҷӯён бо либосҳои миллӣ аввалан аз Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки гувоҳи таърихи пурғановати халқи тоҷик ва оини аждодони бошараф ба ҳисоб рафта, чун дигар маконҳои шаҳри Душанбе яке аз ҷойҳои сайёҳии пойтахт дониста мешавад, боздид намуданд.
Сипас, устодон ва донишҷӯён бо руҳияи болида ва ифтихор аз ватандорӣ роҳ сӯйи боғи устод Рӯдакӣ пеш гирифтанд. Гулҳои муаттар ва фазои дилкаши боғ ба ҷавонон рӯҳияи тоза бахшида, ин ҳама ободониву созандагӣ онҳоро водор сохтанд, ки боз ҳам ба донишомӯзӣ ва ободкорӣ саҳми хешро дар пешрафти Ватани азизамон гузоранд.
Донишҷӯён аз ин иқдом изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда, ба худ як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng