НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 5 ноябри соли ҷорӣ таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» мизи мудаввари илмӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур декани факултет Наврӯз Умарзода ва мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Аз ҷумла, Субҳоналӣ Мирзоев дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд андешаҳояшро баён кард.
Аз ҷумла, тибқи моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Таъкид шуд, ки меъёри мазкур барои рушди муносибатҳои иқтисодии бозорӣ, таъмини рақобати солим, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди иқтисодӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ мегузорад. Ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва кафолати баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни он ба баланд гардидани эътимоди сармоягузорон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ маърузаҳои донишҷӯёни фаъол низ шунида шуданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ Фарҳод Раҷабов ва Абдулло Амруллозода дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои гумрукӣ» баромад намуданд.
Инчунин, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-25010409 - молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шаҳромҷон Шарипов дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-260102 - идораи давлатӣ ва ҳуқуқ» Беҳрӯз Норов дар мавзуи «Конститутсия - бахтномаи миллат» маърузаҳои худро пешниҳод карданд.
Дар идомаи мизи мудаввар ассистенти кафедра Гулрухсор Баротова дар мавзуи «Конститутсия ва баробарии гендерӣ» суханронӣ намуда, доир ба нақши меъёрҳои конститутсионӣ дар таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар ҷомеа андешаронӣ кард.
Дар қисмати дигари чорабинӣ бо мақсади қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол як қатор донишҷӯёни факултет бо ифтихорномаҳои садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng