5-уми ноябри соли 2026 бо ташаббуси бахши таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар толори конфронсии донишгоҳ семинари омӯзишии байналмилалӣ дар мавзуи «Пешгирии омилҳои номатлуб» доир гардид. Дар он масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири равияҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Семинарро сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳадафу моҳияти баргузории чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дод. Зимни суханронӣ ӯ ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, истифодаи мақсаднок ва масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани ҳушёрии ҷавонон дар баробари таблиғоти равияҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова дар баромади худ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати пешгирии масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла таълимоти ғайрирасмии динӣ, таъсири фарҳанги бегона, терроризм ва экстремизм пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар шароити муосир ҳифзи суботу оромӣ, амнияти миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа ва сохторҳои масъулро зарур аст, ки дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм, фаъолона саҳм гузоранд. Ҳамзамон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷомеа бошад.

Дар идомаи семинар намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эртель Максим Владимирович ва Пратасов Вадим, донишҷӯи курси чоруми факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Саймидахили Суҳайл, магистранти курси якуми ДДМИТ Ҷонибек Неъматов аз Ҷумҳурии Узбекистон ва омӯзгори забони хитоии донишгоҳ Чжоу Цеце  баромад намуданд.

Зимни маърузаҳо бо истифода аз рӯнамоҳои электронӣ масъалаҳои терроризм ва экстремизм, омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, инчунин паёмадҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Баромадкунандагон оид ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули мавқеи устувори ҷавонон дар баробари таҳдидҳои замони муосир андешаҳои худро баён намуданд.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин семинарҳои омӯзишию маърифатӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинии солим ва пешгирии таъсири омилҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷалб намоем ва аз таъсири ғояҳои ифротӣ ҳифз созем. Зеро танҳо насли босавод, соҳибмаърифат, худшинос ва ватандӯст метавонад дар таҳкими давлатдорӣ ва бунёди ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.

Тағоймурод ЭШЗОДА