НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бахшида ба 33-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмию сиёсӣ доир гардид.
Дар он Шаҳноза Ғафорова - муовини ректор оид ба тарбия, Гавҳар Шарифзода - сарходими Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, Некрӯз Саидзода - корманди раёсати корҳои тарбиявии Акедемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Ниёзов - барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» ва омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷумъа Махшул - устоди кафедраи забони русӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро Фахриддин Убайдов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки ҳарчанд дар бораи ин иҷлосия олимону коршиносон ва шахсиятҳои гуногун китобу мақолаҳои бешумор навиштаанд ва менависанд, аммо ин падида дар давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузошта, дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд.
Гавҳар Шарифзода, сарходими Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҷонибдории халқи кишвар аз сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати мардум ба ин фарзанди фарзонаи миллат маънидод мегардад. Зеро роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон ба дили мардум умед бахшиданд. Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шурои Олӣ аҳаммияти якпорчагии давлат ва миллати тоҷикро ҷиддан дарк кардаанд.
Ҷумъа Махшул дар бораи маҳорату истеъдоди роҳбарӣ ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, аз корномаҳои Сарвари давлати тоҷикон, ки равандҳои марказгурезию минтақагароиро барҳам заданд ва давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшиданд, ёдовар шуд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng