Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ-идеологӣ ва илмӣ-назариявиро баргузор намояд.

Ҳамоиши навбатӣ рӯзи 10 ноябри соли равон бо ташаббуси факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҳамоҳангӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ зери унвони “Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории ниёгон” доир гардид.

Мизи мудавварро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович оғоз бахшида, роҷеъ ба нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол суҳбат намуд ва минҷумла, изҳор намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон, ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои таърих Фирӯза Абдулвоҳидова бошад, перомуни рисолати ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз сухан ронда, иброз дошт, ки таърих ҳамеша ду шакли шахсиятро ёд дорад: ободгар ва вайронкор. Хушбахтона, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ба таърих шахси сарафрозеро ҳадя намуд, ки мулкро соҳибӣ кард ва ба ҳалли буҳрон иқдом намуда, билохира, ба хунрезиҳо хотима бахшид, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва ба кишвари рушдкарда табдил дод.

Мавзуи баромади декани факултаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Темурбекова София Давронбековна ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ аз замони ба даст овардани Истиқлол бахшида шуда буд.

Тавре нотиқ зикр намуд, яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар давраи нави инкишоф - ин ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он ки ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ҳамчунин, дар ташаккули инфрасохтори замонавии иттилоотӣ дар кишвар қадамҳои амалӣ мегузоранд.

Сипас, устодон ва донишҷӯён ба музокира баромада, аз идомаи бунёдкориҳову созандагиҳо ва ҳадафҳои стратегии мамлакат зери раҳнамоиву ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самтҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи саноатикунонии босуръати сиёсати миллӣ муҳокимарониҳо намуданд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ