НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11 ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ маҳфили илмии “Қонундон”-и донишҷӯёни назди кафедра доир гардид, ки ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар дастгирии ҷавонони даврони истиқлол бахшида шуд.
Маҳфилро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Субҳоналӣ Мирзоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллӣ суҳбат намуд. Мавсуф зикр кард, ки маҳз дар ин иҷлосия заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳкими истиқлол, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Қарорҳои он оғози марҳалаи нави рушди давлат, ҷомеа ва иқтисоди кишвар гардида, нақши муҳим дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бозиданд.
Зикр карда шуд, ки аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар Иҷлосия баррасӣ гардиданд, ин андешидани тадбирҳо баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлол, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар ба шумор мерафтанд.
Сипас, аъзои маҳфили илмии «Қонундон»-и назди кафедра - донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, ихтисоси таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ Холназаров Абдулҳамид (курси 4) дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ” ва Ҳокимзода Ҳокима (курси 1) дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар дастгирии ҷавонони даврони истиқлол” маърӯзаҳои хешро ба самъи ҳозирин расонданд.
Аз зумраи нуктаҳои муҳими маърӯзаҳои баромадкунандагон ҳамин буд, ки аз дидгоҳи эшон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали зимоми ҳукуматро ба уҳда гирифтан, дар пайи баррасии мушкилии ҷавонон ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо буданд. Дар баробари ин, зимни баргузории вохӯриҳову ҷаласаҳо бевосита фикру андешаи худи ҷавононро мешуниданд ва баҳри татбиқи ташаббусҳои созандаашон мусоидат менамуданд. Яъне, эътимоди комил ба неруи созандаи ҷавонон ва ба ақли солими онҳо бовар доштанд. Ин аст, ки аллакай дар рӯзи 70-уми Роҳбари давлат интихоб шуданашон, маҳз бо ҷавонон вохӯрӣ доир намуданд. Ба сифати далел, маърӯзачиён бо такя ба санаду ҳуҷҷатҳои қабулшуда аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 1997 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 “Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон”, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро, ки тадбирҳои аввалин дар механизми амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар он солҳо ба ҳисоб мерафтанд, ёдовар гардиданд, ки ба дастгирии давлатии ҷавонон нигаронида шуда буданд.
Нотиқон, дар баробари андешаҳои боло, ҳамчунин зикр карданд, ки ба хотири боз ҳам равнақ ёфтани соҳа ва дастгирии давлатии ҷавонон айни ҳол Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 23 декабри соли 2021 бо таҳрири нав қабул гардидааст, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян ва танзим менамояд.
-Қабули қонуни мазкур шаҳодат аз рушди муносибатҳои ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо медиҳад,- қайд карда шуд аз ҷониби маърӯзачиён.
Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯёни фаъоли дастаи олимпии факултет фаъолона ширкат варзида, дар саволу ҷавоб ва музокира фикру андешаҳои худро вобаста ба нақши Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳё, таҳким ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баён намуданд. Қайд гардид, ки иҷлосияи мазкур яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба шумор рафта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар пойдории истиқлоли воқеии кишвар ва ба ин васила, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузоштааст.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng