НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
24-уми сентябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии сиёсӣ дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” доир гардид. Дар чорабинӣ Саидзода Умеда Бекназар - муовини раиси ин Кумитаи иҷроия, Рухшона Каримзода - мудири шуъбаи кор бо занон, Каримова Ашурбӣ - аъзои фаъоли Комиссияи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Шаҳноза Ғафорова - муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ ва як қатор кормандону донишҷӯён иштирок доштанд.
Зимни баромад иштирокчиён иброз доштанд, ки Истиқлолияти давлатӣ, чун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори ҷомеаро муҳайё намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Занону бонувони Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми арзанда доранд. Фаъолияти созанда ва масъулияти баланди иҷтимоии онҳо дар самти ободонии кишвар ва таҳкими арзишҳои миллӣ аҳаммияти хосса дорад. Махсусан, саҳми зан-модар дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, ватандӯст, худшинос ва масъулиятшинос муҳим буда, оилаи солим ва насли босавод яке аз заминаҳои асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти нақши муҳимми занон дар ҳаёти ҷомеа, дар доираи ҳадафҳои созанда ва сиёсати иҷтимоии худ ба таҳкими мавқеи занон, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба заҳмату фаъолияти созандаи занону бонувони кишвар, таҳлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар роҳи рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ фурсати арзишманд мебошад.
Дар охири чорабинӣ ба як қатор кормандон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ сипоснома аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино тақдим гардид.
Маҳбуба ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо духтарону занони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng