НАҚШИ ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ» ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
23-юми сентябри соли равон дар назди кафедраи табиатшиносӣ маҳфили илмии донишҷӯёни «Табиатшиносони ҷавон» таҳти унвони «Нақши иқтисодиёти “сабз” дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Маҳфилро роҳбари он Алишер Раҳимӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим, коҳиш ёфтани захираҳои сӯзишвории фосилӣ ва зарурати таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар асри XXI кишварҳои ҷаҳонро ба ҷустуҷӯ ва татбиқи роҳҳои нави рушди иқтисодӣ, аз ҷумла гузариш ба иқтисодиёти «сабз» водор намудааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди неруи барқи худро аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мекунад ва дорои иқтидори назарраси истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ, бодӣ ва дигар манбаъҳои тоза мебошад, рушди иқтисодиёти «сабз» метавонад яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувор ба ҳисоб равад. Дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи самараноки иқтидори энергетикии барқароршаванда, ҳифзи захираҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои каммасраф аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Айдар Сулаймонов доир ба аҳамияти рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити муосир ва зарурати баланд бардоштани маърифати экологӣ андешаҳои худро баён кард.
Ҳамчунин, донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Меҳрангез Бобоева ва донишҷӯи курси 1-уми ҳамин факултет Хуршед Камолов маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои муҳими марбут ба рушди иқтисодиёти «сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки рушди иқтисодиёти «сабз» ба истифодаи самараноки захираҳо, рушди технологияҳои навоварона ва фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng