ТЕРРОРИСТ ВАТАН, ЗАБОН, НАЖОД ВА ДИН НАДОРАД
Дар асоси нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ 25-уми сентябри соли равон дар мавзуъҳои «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ», «Танзим - бақои зиндагӣ» ва «Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» дарси сиёсиву тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мутахассиси бахши кор бо духтарону занон Маҳбуба Ғафорова, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов ва эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев баромад намуда, дар атрофи мавзуъҳои баррасишаванда фикру андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли ҷомеаи башарӣ таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор оварда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти хатарнок боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Терроризм ҳамчун амали номатлуби ҷомеаи муосир бо содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ зуҳур мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки дар пешгирии терроризм ва ифротгароӣ саҳм гузошта, барои ҳифзи сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва Ватани азиз талош намояд.
Ҳамзамон, оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, аҳамияти риояи талаботи қонунгузорӣ, арзишҳои миллӣ ва тарзи дурусти зиндагӣ андешаҳо баён гардиданд. Ҳамчунин, вобаста ба нақши либоси миллӣ дар ҳифз ва муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ суханронӣ сурат гирифт.
Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ пайваста саҳмгузор бошанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng