НАМУНАИ МАСЪУЛИЯТ ВА ФАРҲАНГИ ОБОДКОРӢ
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва саҳмгузорӣ дар зебову обод намудани пойтахти кишвар, инчунин, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста шанбегӣ гузаронида мешавад.
Ин иқдоми созанда дар доираи нақшаи кории тасдиқгардидаи раёсати маъмурию хоҷагии донишгоҳ роҳандозӣ шуда, корҳои ободонӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, саҳни донишгоҳ, хобгоҳҳо ва дигар иншооти вобаста ба он ба таври ҳамешагӣ амалӣ карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2025 дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, 4000 дона гул, 20 буттаи ҳамешасабз ва 3000 дона буттагули садбарг шинонида шуд, ки ба саҳни донишгоҳ ҳусни тоза ва шукуҳи хос бахшиданд.
Шанбегии навбатӣ рӯзи 29 декабри соли равон бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави мелодӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродзода баргузор шуд. Дар он кормандони хоҷагидорӣ фаъолона иштирок намуда, дар минтақаҳои муайяншудаи атрофи биноҳои таълимӣ корҳои тозакорӣ ва сабзкориро анҷом доданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ зиёда аз 6 ҳазор дона гулҳои ороишии лола шинониданд. Чунин корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ бо иштироки фаъоли аҳли кормандон ва донишҷӯён идома меёбанд. Зеро ҳар як гулу дарахти шинонидашуда нишонаи фарҳанги баланд ва ҳисси ватандӯстии мо мебошад.
Н. ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng