Рӯзҳои 29-ум ва 30-юми декабри соли 2025 бо мақсади қадршиносии заҳмати содиқона ва саҳми назарраси деканону муовинони деканҳои факултетҳо ва кормандони бахшҳои илм дар рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов маросими қадрдонӣ доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов нақши муҳими кормандони илм, роҳбарони факултетҳо ва муовинони онҳоро дар баланд бардоштани дараҷаи корҳои илмӣ, рушди инноватсия, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки маҳз заҳмату масъулиятшиносии онҳо имкон фароҳам овард, ки нишондиҳандаҳои илмии донишгоҳ сол то сол беҳтар гардида, мавқеи он дар фазои илмии кишвар тақвият ёбад.

Қутбиддин Муқимов саҳми деканон ва муовинони деканҳоро дар ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ дар сатҳи факултетҳо, ташкили конференсияҳо, семинарҳои илмӣ, омода намудани мақолаҳои илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми маросим як қатор деканон ва муовинони деканҳо, инчунин, кормандони бахшҳои илм барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди илм ва инноватсия, иштироки фаъолона дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ғояҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани нуфузи илмии донишгоҳ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар оянда низ идома ёфта, барои боз ҳам фаъол гардидани корҳои илмӣ, густариши андешаи навоварона ва таҳкими заминаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 27 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимон доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор супориш дод, ки барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2026 бояд корҳои зерин ба анҷом расонида шаванд: 

  1. Садорати факултетҳо ва кафедраҳоро зарур аст, ки аз натиҷаи иштирок дар онлайн конфронсҳо ба китобхонаи илмии донишгоҳ ва сомонаи дохилӣ маводҳоро пешниҳод намоянд.
  1. Рӯзҳои ҳозиршавӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ муайян карда шуда, тамоми чорабиниҳои илмӣ, ҷаласаҳо дар ҳамон рӯз ба нақша гирифта шаванд.
  1. Вобаста ба иштирок ва навиштани мақолаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки бештари магистрон, унвонҷӯён, докторантони фалсафа (PhD) ва дар умум, муҳаққиқон таъмин карда шавад;
  1. Дар самти баргузории конфронсҳо пешниҳод карда мешавад, ки аз натиҷаи ҳамаи конфронсҳо натиҷаи илмӣ таҳия карда шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шавад.
  1. Барои иштирок дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо дастаи олимпии донишҷӯён аз аввали соли таҳсил кор дар сатҳи кафедра ва факултетҳо ҷоннок карда шуда, вобаста ба ҷудо кардани соати муайян ба роҳбарони донишҷӯён сабукиҳо пешниҳод карда шавад;
  2. Ба мудирони кафедраҳо дастур дода шавад, ки: а) корро бо унвонҷӯёну докторантони фалсафа (PhD) ҷоннок намуда, барои дар муҳлатҳои муайяншуда гузаронидани аттестатсия, аз муҳокимаи кафедра гузаронидани ҳар як боби рисола ва ҳимояи пешакии онҳо чораҳои бетаъхир андешанд; б) семинарҳои илмӣ-назариявии назди кафедра, маҳфилҳои илмии донишҷӯён сари вақт ва бо пешниҳод намудани натиҷаи он дар сомонаи ДДМИТ гузаронанд; в) ҳамасола аз фанҳои таълимии кафедра баргузории на кам аз 1-2 озмуни байни донишҷӯёни факултетҳоро ба роҳ монанд;
  3. Китобхонаи илмии донишгоҳ вазифадор карда шавад, ки фаъолиятро дар самти васеъ кардани хизматрасониҳо ҷоннок намуда, баргузории шабнишиниҳои китобхонӣ дар хобгоҳҳо, намоиши китоб барои донишҷӯён ва зиёд кардани теъдоди китобҳои электрониро ба роҳ монанд;
  4. Раёсати илм ва инноватсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷи кишвар ҷиҳати шомил намудани “Паёми молия ва иқтисод” дар феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷӣ корбарӣ намоянд;
  5. Раёсати илм ва инноватсия, садорати факултетҳо ва кафедраҳоро зарур аст, ки дар самти навиштан ва чоп намудани мақолаҳо дар маҷаллаҳои SCOPUS ва Web of Sciense ба хотири баланд бардоштани рейтинги донишгоҳ дар байни муассисаҳои байналмилалӣ корро ҷоннок намоянд;
  6. Раёсати донишгоҳ ва сохторҳои таркибии донишгоҳро зарур аст, ки барои шомил гардидан ба Рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонии QS (QS World University Rankings), ки рейтинги муассисаҳои беҳтарини таҳсилоти олии ҷаҳонро дар соҳаи маориф ва тадқиқот нишон медиҳад, корбарӣ намоянд;
  7. Садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро мебояд, ки дар самти таҳияи мавзуъҳои илмӣ-фармоишӣ корро ҷоннок ва лоиҳаҳоро сари вақт омода намуда, дар муҳлатҳои муайяншуда дар мувофиқа бо раёсати илм ва инноватсия ба Шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

 

Наврӯз ҶОБИРОВ