ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
Санаи 29-уми декабри соли равон тибқи нақшаи корӣ, маҳфили илмии Шурои рушди илм ва инноватсионии донишҷӯён таҳти унвони «Дурахши илм» доир гардид. Маҳфил таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин оғоз гардида, дар бораи мавзуи баррасишаванда изҳори назар карда шуд.
- Яке аз самтҳои муҳими корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ин фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Боиси қайд аст, ки аз моҳи октябри соли 2025 бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва раёсати илм ва инноватсия дар ДДМИТ маҳфили донишгоҳии “Дурахши илм” ва Шурои илмии инноватсионии “Навоварон” ташкил карда шуд. Дар доираи маҳфили донишгоҳии “Дурахши илм” то кунун 6 маҳфил ва дар доираи Шурои илмии инноватсионии “Навоварон” бошад, 3 чорабинӣ ташкилу баргузор карда шудааст, - гуфт Қ. Муқимов.
Дар маҳфил Саторзода Мустафо Абдулазиз, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-24010300 - ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ» баромад намуд.
Маърузачӣ аҳамияти танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкҳоро дар низоми молиявии кишвар, нақши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои мизоҷон ва рушди устувори иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, Мустафо Сатторов иброз дошт, ки сиёсати пулию қарзӣ яке аз фишангҳои асосии идоракунии иқтисодиёт буда, тавассути он сатҳи пешниҳоди пул, пардохтпазирии низоми бонкӣ ва меъёрҳои фоизӣ танзим карда мешаванд.
- Сиёсати пулию қарзӣ (сиёсати монетарӣ) раванди танзим ва идораи пешниҳоди пул дар иқтисодиёт, сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва меъёрҳои кутоҳмуддати фоизии бозори байнибонкиро тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар бар гирифта, он, пеш аз ҳама, баҳри ба даст овардани суботи нархҳо ва мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт равона мегардад, - афзуд баромадкунанда.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ кардааст, мустақилан барои таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии давлатӣ масъул мебошад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат буда, вазифаи сиёсати пулию қарзӣ барои расидан ба ин мақсад амалӣ мегардад.
Дар музокира устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ Беҳрӯз Юнусов ва котиби маҳфил Ниёзов Шамшод баромад намуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng