АКСИЯИ ТАҚДИМИ МАТНИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо ибтикори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ 30-уми декабри соли 2025 бахшида ба иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 миёни кормандону устодони донишгоҳ аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.
Ин иқдом, ҳамзамон, ҷузъи муҳими нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ дар самти татбиқи Паёми навбатӣ маҳсуб ёфта, боиси таҳкими рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ дар миёни ҷомеаи донишгоҳӣ мебошад.
Мақсади асосии баргузории аксия тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паём мебошад. Хулоса, аксияи мазкур дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти худогоҳиву худшиносии донишҷӯёну омӯзгорон мебошад.
Раёсати ташкилию тарбиявӣ дар назар дорад, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, дар рушду нумуи маънавӣ ва фарҳангии донишгоҳ саҳми бештар гузорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng