СОЛИ ДАСТОВАРДҲО ВА РУШД: ФАКУЛТЕТИ ҲИСОБДОРӢ ВА ОМОР НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025-РО ҶАМЪБАСТ КАРД
Санаи 26-уми декабри соли 2025 тибқи нақшаи корӣ, ҷаласаи ҷамъбастии солонаи факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултет иштирок намуда, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетро дар соли сипаригардида мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғоз декани факултет Ёрибек Тилабов таъкид кард, ки факултети ҳисобдорӣ ва омор дар соли 2025 фаъолияти худро ба омода намудани мутахассисони баландихтисос мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат равона намудааст. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи асосӣ ба боло бурдани сатҳи таълим, таҳкими пойгоҳи илмӣ ва рушди неруи зеҳнии донишҷӯён равона гардида, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Қайд гардид, ки факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ аҳамияти махсус медиҳад. Ҳамасола натиҷаҳои таҳқиқоти илмии омӯзгорон ва донишҷӯён дар маҷаллаҳои тақризшаванда, маҷмуаҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ, инчунин, дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба нашр мерасанд, ки ин аз фаъол гардидани корҳои илмӣ шаҳодат медиҳад.
Зимни ҳисобот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун иштироки фаъолона дошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи омӯзгорони кафедраҳо донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи математика сазовори ҷойҳои якум ва дуюм шуданд. Ҳамчунин, ду нафар донишҷӯ дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанни забони русӣ ҷойи сеюм ва аз фанни сиёсатшиносӣ ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода бо омӯзгорон ва кормандони факултети ҳисобдорӣ ва омор вохӯрӣ анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими раванди таълим, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳисоботи солонаи омӯзгорон, инчунин, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ректори донишгоҳ ҷиҳати самаранок истифода бурдани имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди илм, таҳияи мақолаҳои илмӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои тасдиқшуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин сол бо иштироки ректори донишгоҳ, ҳамчунин, бо донишҷӯёни курси якум суҳбати озоду ошкоро баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба таҳсил, фаъолияти илмӣ ва иштироки донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ баррасӣ шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар факултети ҳисобдорӣ ва омор се кафедраи тахассусӣ - кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор, инчунин, кафедраи аудит ва ревизия фаъолият намуда, дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳисоботӣ барои саҳми арзанда дар пешрафти фаъолияти факултет ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас 5 нафар омӯзгор ва 12 нафар донишҷӯ бо Ифтихорномаи садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng