БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ЗИМНИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ КУРАТОРОН
Зимни ҷаласаҳои васеи шурои кураторони факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бо иштироки декани факултет, мудирони кафедраҳо, раиси шурои кураторон Мавҷуда Давлатова ва эдвайзерону кураторони гурӯҳҳои академии факултет вазъи корҳои таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Декани факултет Ёрибек Тилабов аз кори таълиму тарбия, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фаъолияти кураторон, оид ба иҷрои нақшаҳои инфиродӣ сухан ронда, қайд намуд, ки мақсад аз ҷаласа беҳтар кардани фаъолияти таълимиву тарбиявӣ мебошад.
Дар баробари ин, дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон изҳори андеша карда, афзуд, ки дар ҷодаи тарбия кураторон метавонанд саҳми босазо дошта бошанд. Яъне, тарбия кардани насли наврас, бахусус ҷавонон аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд.
Дар идома раиси шурои кураторон Мавҷуда Давлатова дар бораи баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш суханронӣ кард.
- Фаъолияти Шурои кураторон мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида асосан масъалаҳои тартиб додани нақшаи корӣ, ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Шурои кураторон, иштирок дар чорабиниҳои донишгоҳӣ якҷоя бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, фаъол гардонидани донишҷӯён дар роҳи илмомӯзӣ, тарғиби корҳои манфиатбахш дар ҷанбҳаҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ, ташкили экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ, ташкил намудани семинари таълимӣ-тарбиявӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз, таҳлили ҷамъбасти ҳафтаи назоратӣ ва самараи кори кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, кумак дар раванди таълим дар факултет барои донишҷӯёни курси якум ва монанди инҳоро фаро мегирад, - гуфт М. Давлатова.
Дар шароити имрӯза кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng