ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮИ ДДМИТ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки музаффариятҳои варзишии донишҷӯёни мо рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Онҳо дар мусобиқаҳои варзишии бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо пирӯзиҳои варзишиашон на танҳо номи ДДМИТ, балки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло мебардорад.
Абдулло Баҳодуров - донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисод ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2025 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо, ки дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуда, дар вазни 64 кило чаҳор ҳарифи худро шикаст дода, сазовои ҷойи якум гардид ва аз тарафи Президенти федератсияи самбои Тоҷикистон Зуҳуршо Нурмуҳаммадзода бо диплом, медалу туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқа намояндагон аз се вилоят ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Абдулло Баҳодуров дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни ҷавонон ва наврасон, ки санаи 7-8-уми феврали соли равон ва чемпионати ҷаҳон, ки аввали моҳи апрели соли 2026 баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст. Донишҷӯи варзишгари мо пайваста таҳти роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов тамрин намуда, ба ин чорабинӣ тайёрӣ мебинад.
Мо Абдулло Баҳодуровро бо ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар ҷодаи донишҷӯӣ ва варзишиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng