ТАШКИЛИ КУРСҲОИ КУТОҲМУДДАТИ ЗАБОНОМӮЗӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН
Тибқи ҷадвали тартибдодаи раёсати таълим ва кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январи соли равон курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ дар ҳафт факултети донишгоҳ оғоз гардида, то 24-уми январи соли 2026 идома меёбад.
Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва забондонии омӯзгорон роҳандозӣ гардида, ба онҳо омӯзгорони варзидаи кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзадҳои илмҳои филологӣ: Парвина Орзузода, Шараф Раззоқбердиев, Манучеҳр Диловаров, муаллими калон Р. Дӯстмуродов ва ассистент М. Ҳамроев машғулият мегузаронанд.
Бояд қайд кард, ки нақши устодони фанни забони англисӣ дар тарҷума ва баргардонии осорҳои илмӣ ва бадеии адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ назаррас аст.
Ҳамин аст, ки забони англисӣ яке аз забонҳои маъмул ва мондагори олам маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа нақши беандоза калон дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng