Рӯзи 13-уми январи соли равон ҷаласаи васеи кормандзанони донишгоҳ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зери унвони “Либоси миллӣ - рамзи худшиносии фарҳанги тоҷикон” доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова иброз дошт, ки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тақвияти пояҳои маънавии ҷомеаро бори дигар таъкид намуданд. Либоси миллӣ дар ин раванд ҳамчун рамзи ифтихор, худшиносӣ ва пайванди наслҳо баромад мекунад.

Дар Паёми Президенти кишвар ба масъалаи тарбияи ҷомеаи худогоҳ, махсусан ҷавонон, диққати махсус дода шуд. Дар солҳои охир масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин равандро идома дода, аҳамияти рушди фарҳанг, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро таъкид намуд. Дар ин замина, ҳамчун яке аз рамзҳои асосии фарҳанги тоҷикон мавқеи хос пайдо мекунад.

Дар идомаи ҷаласа Муборак Мирзоалиева, устоди кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ ва Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки аз ба бар кардани либоси миллї шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегона ба мамлакат коҳиш меёбад. Либос дар арсаи байналмилалї муаррифгари давлат ва миллат мебошад. Президенти кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки тақлид ба фарҳангҳои бегона набояд боиси фаромӯш шудани суннатҳои миллӣ гардад.

Дар музокира коргузори раёсати донишгоҳ Мадина Мирзоева баромад намуда, қайд кард, ки дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявї барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, навишта шудааст, ки барои духтарон ва занон пўшидани либосҳои сиёҳ, рўймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либоси нимбараҳнаи аврупої тавсия дода намешавад.

Хуллас, ҳар як зану духтари тоҷикро мебояд дар радифи шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон, масъулияти баланди шаҳвандиро эҳсос намуда, дар татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нақши бориз гузорад.

 

Маҳбуба ҒАФОРОВА,

мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ