Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаи касбӣ, ҷоннок намудани пешаи коргузорон ва ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ вохӯрии сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳайитов бо коргузорони раёсатҳо, факултетҳо, кафедра ва шуъбаҳои муассиса доир гардид.

Зимни семинари омӯзишӣ ба самтҳои дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми сохторҳои донишгоҳ, иҷрои дастурамали вазифавӣ, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027, тарзи тартиб додани протоколҳо, 5 самти муҳим - таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва хоҷагидорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ С. Ҳайитов доир ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқии марбут ба коргузорӣ, тартиби дурусти таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ҳангоми муомилоти ҳуҷҷатӣ ва масъулияти ҳуқуқии кормандон ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки дуруст пеш бурдани коргузорӣ яке аз омилҳои асосии фаъолияти самараноки ҳар як ниҳод ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, иштирокчиён ба суолҳои худ вобаста ба мушкилоти амалии коргузорӣ, татбиқи қонунҳо ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия