Бо мақсади таҳкими тартиботи дохилӣ, таъмини амният ва баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони ҳифзи тартибот вохӯрии сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳайитов бо муҳофизони ДДМИТ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти донишҷӯён, устодон ва кормандон, риояи қоидаҳои интизомӣ, назорати воридоту хориҷӣ ба биноҳо ва хобгоҳҳо биноҳо ва пешгирии ҳолатҳои номатлубро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид шуд, ки нақши муҳофизон дар нигоҳдории фазои ором ва созандаи таълимӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамчунин, пешниҳод ва андешаҳои муҳофизон шунида шуда, доир ба беҳтар намудани шароити корӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо маъмурияти донишгоҳ ва баланд бардоштани сатҳи омодабоши касбӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия