ИЛМ БАҲС, ТАҲЛИЛ ВА ФАКТРО МЕПИСАНДАД!
Рӯзи 15-уми январи соли равон вохӯрии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов бо муовинони декан оид ба илм, мудирони кафедраҳо ва сардорони маҳфилҳои умумидонишгоҳии “Зеҳн” ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён доир гардид.
Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки минбаъд бояд ба самти илм ва фаъолияти илмии донишҷӯёну магистрантон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, масъалаҳои рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи навовариҳо ва таҳкими ҳамкории сохторҳои марбут ба илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Зимни вохӯрӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар бораи аҳамияти боло бурдани сифати таҳқиқоти илмӣ, фаъолгардонии корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон, инчунин, ҷалби донишҷӯён ба корҳои инноватсионӣ сухан ронд. Ҳамчунин, масъалаҳои омода ва нашр намудани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, иштирок дар лоиҳаҳои илмӣ, ҷоннок намудани фаъолияти сомонаи расмии донишгоҳ, инъикоси ҳамаҷонибаи маҳфилҳо дар саҳифаи фейсбукии донишгоҳ ва рӯзномаи “Молия ва иқтисод” ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба андешаи Қутбиддин Муқимов, мавзуъ ва масъалаҳое, ки дар маҳфилҳо садо медиҳанд, бояд рӯзмарра, воқеӣ ва ҷавобгӯи талаботи муосир бошад.
Дар охир кормандони самти илм фикру пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили фаъолияти илмӣ баён намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози андеша карданд.
Дар фарҷом барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дастурҳои мушаххас дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng