СОХТАНИ МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БАҲРИ БЕҲСОЗИИ ШАРОИТИ ИҶТИМОИИ ФАРЗАНДОНИ КОРМАНДОН
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳ, саҳни он, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобасташуда талош менамоянд.
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода бо шароити иҷтимоии кормандону омӯзгорони донишгоҳ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин баробар, масъалаҳои тозагии роҳраву долонҳо ва атрофи хобгоҳ, вазъи коммуналӣ, тартибу низоми истиқоматкунандагон ва корҳои созандагиву ободонӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ректори донишгоҳ зимни ҷаласаи ҳисоботӣ низ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, қайд кард, ки дар асоси дастгириҳои иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 2025 дар хобгоҳи рақами №1 барои кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ 48 адад ҳуҷраи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки аз инҳо 24 хонаи якҳуҷрага ва 24 хонаи дуҳуҷрагӣ буда, омӯзгорон ба хонаи истииқоматӣ таъмин карда шуданд.
Инчунин, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ барои таъмини шароити хуби иҷтимоии истиқоматкунандагон, яъне барои фарзандони кормандону омӯзгорон дар назди хобгоҳи №2 майдончаи бозии кӯдакон бо тарҳи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маросими ифтитоҳи майдончаи кӯдакона бо иштироки намояндагони раёсати донишгоҳ, волидон ва кӯдакон баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки майдони нав бо таҷҳизоти бехатару замонавӣ арғунчакҳо, лағжонакҳо, зинапояҳои бозӣ ва нишастгоҳҳо муҷаҳҳаз гардида, барои кӯдакони синну соли гуногун мутобиқ гардонида шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини амнияти кӯдакон атрофи он панҷарапеш карда шудааст.
Бунёди чунин майдонҳо ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати кӯдакон, рушди ҷисмонӣ ва иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад. Истиқоматкунандагон аз ин иқдом истиқбол намуда, барои нигоҳдории тозагӣ ва ҳифзи таҷҳизот масъулият гардиданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng