Санаи 17-уми январи соли равон бо иштироки раёсати ташкиливу тарбиявӣ ва кормандзанони бахши хоҷагидорӣ зери унвони “Сиёсати давлатӣ оид ба танзим, масъалаҳои дин ва сару либоси миллӣ” вохӯрӣ доир гардид.

Мақсад аз ин чорабинӣ баланд бардоштани масъулият дар муҳити корӣ, беҳтар намудани вазъи тозагӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ, саҳми занон дар тадбиқи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар бар гирифт.

Сараввал, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова қайд намуд, ки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тақвияти пояҳои маънавии ҷомеаро бори дигар таъкид намуданд. Аз бар намудани либоси миллӣ дар ин раванд, ҳамчун рамзи ифтихор, худшиносӣ ва пайванди наслҳо баромад мекунад. Нақши кормандзанони қисми хоҷагӣ дар нигоҳдории тартибот ва муҳити солими корӣ хеле бузург аст.

Таъкид гардид, ки фаъолияти онҳо яке аз омилҳои муҳими беҳдошт, саломатии кормандон ва симои муассиса ба ҳисоб меравад. Масъалаи тозагӣ дар утоқҳои корӣ, долонҳо, зинапояҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ дар донишгоҳ ба фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз санадҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он пешгирии исрофкорӣ, сабук гардондани бори иқтисодии оилаҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва дур будан аз фарҳанги бегонапарастӣ мебошад.

Дар идомаи суҳбат сармутахассиси раёсати ташкиливу тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова ва мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҳбуба Ғафорова қайд карданд, ки масъалаи аз бар намудани сару либоси намунавӣ мутобиқ ба меъёрҳои қабулшуда ва арзишҳои миллӣ бояд ҳатман риоя карда шавад. Зеро занон ҳамчун модар ва тарбиятгар ба фарзандон ва насли наврас мефаҳмонанд, ки баргузор кардани ҷашну маросим нишонаи фарҳанги баланд ва маърифати иҷтимоӣ аст. Ин тарбия ба ташаккули ҷаҳонбинии дурусти ҷавонон мусоидат мекунад.

Гуфта шуд, ки ба масъалаи интихоби сару либос ва риояи қоидаҳои санитарӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Сару либоси кормандзанон бояд тоза, озода ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ бошад. Риояи мунтазами холати санитарӣ ва гигиенӣ низ барои кормандзанони қисми хоҷагӣ ва муҳити корӣ аҳамияти асосӣ дорад. Ин вохӯрӣ намунаи ҳамкории муназзами бахши тарбия ва кормандзанон барои баланд бардоштани масъулият ва тартибот дар муассиса мебошад.

Маҳбуба ҒАФОРОВА,

мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ