ҶАЛАСАИ ШУРОИ КУРАТОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҷаласаи навбатии шурои кураторон доир шуд, ки дар он муовинони декани факултет, мудирони кафедраҳо, раиси шурои кураторон - Мавҷуда Давлатова ва эдвайзерону кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуда, вазъи корҳои таълиму тарбияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими раванди таълиму тарбия, интизоми донишҷӯён, фаъолияти тарбиявии кураторон ва татбиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, масъалаи таҳкими ҳамкории куратор бо волидон ва ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки тамоми кураторонро зарур аст, ки дар асоси низомномаи шурои кураторон дарсҳои худро ба роҳ монда, аз будубоши донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, хабардор бошанд.
Дар анҷом барои беҳтар намудани фаъолияти кураторҳо, боло бурдани сифати корҳои тарбиявӣ ва масъулияти шахсии донишҷӯён дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng