Таҳти ин унвон 21-уми январи соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук, ки ҳамасола 22 январ қайд карда мешавад, мизи мудаввари донишгоҳӣ баргузор гардид.

Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов кормандони ин хадамотро бо иди касбиашон табрик намуда, дар бораи саҳми мақомоти гумрук дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат изҳори андеша намуд.

Мавсуф қайд кард, ки дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳаммияти фавқулода дорад ва гузашта аз ин, дарвозаи ҳар давлат маҳсуб меёбад. Зеро аз фаъолияти мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии зич дорад. Ҳамкориҳои судманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бисёр дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Мо бо омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замона дар тақвияти иқтидори кадрии ин мақомот саҳм мегузорем ва таъсиси озмоишгоҳи замонавии фаъолияти гумрукии донишгоҳ низ барои боло бурдани сифати таҳсилот замина мегузорад.

Сипас, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин доир ба таърихи рушди мақомоти гумруки кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, нақши ин мақомотро дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат хеле муҳим арзёбӣ кард.

Баъдан, муовини сардори ин донишкада Манучеҳр Маҳмадҷонов дар самти рақамикунонии мақомоти гумрук ва афзалиятҳои он ибрози андеша намуда, зикр кард, ки роҳбарияти Хадамоти гумрук ба фаъолияти муштарак дар самти татбиқи марҳилавии низоми иттилоотӣ, бомуваффақият ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии худкори АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар тамоми гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ва мусоидат дар мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ корҳои назаррас анҷом додаанд.

Сипас, полковники хадамоти гумрук Шарифзода Сабзалӣ Сафаралӣ ва сардори шуъбаи танзими тарифҳои гумрукӣ Зафари Саидқул, сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Шоҳназари Хуҷаназар, профессори кафедраи бехатарии иқтисодӣ Фирӯз Насриддинов ва декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Буриева доир ба самтҳои муҳим, низомҳо, сиёсат ва фаъолияти имрӯзаи гумрукчиён андешаҳои судманд баён намуданд.

Дар баромадҳо гуфта шуд, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Ҳамзамон, масъалаҳои такмили маъмурияти гумрукӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, таъмини шаффофият ва пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи низоми гумруки кишвар ироа намуданд.

Дар фарҷом аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи касбият ва иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти гумрук таъкид гардида, сипас меҳмонони чорабинӣ бо сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Давлатҷон ҲУКМАТОВ,

муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДДМИТ

Тағоймурод ЭШЗОДА,

рӯзноманигор