Санаи 21-уми январи соли равон бо ибтикори раёсати тарбия ва кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Ҷашни Сада: мероси тамаддунӣ, ҳувияти миллӣ ва аҳамияти он дар ҷаҳони муосир» доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то ҳол бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидаст.

Ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад. Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллатамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.

Сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов дар баромади худ зикр намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони форсзабон ба шумор меравад. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд. Кишоварзон маҳз бо оғози Сада ба тоза кардани ҷӯйбору мавзеъҳои киштшаванда ва ниҳолшинонӣ машғул мешаванд.

Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои судманд баён намуда, гуфт, ки мардум теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташи муқаддас суруду таронаҳо хонда, ба поён аз расидани фасли сармо хушнудӣ мекарданд.

Баъдан, ассистенти кафедраи гуманитарии донишгоҳ Абдулхайр Маҳмудов қайд кард, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо - тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд. Ҷашни Сада таваллуди оташ аст. Дар мардуми тоҷик анъанае аст, ки аз рӯзи таваллуд то 40 рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Яъне, Сада гаҳворабандони Офтоб асту тифли 40-рӯза ва Офтобро бо оташи Сада гарм мекунанд. Сада маънои сад, яъне то Наврӯз 50 шаб ва 50 рӯз боқӣ монданро дорад.

Дар ҷамъбасти мизи мудаввар устодон баромад намуда, оид ба ҷашни Сада андешаҳои судманд баён намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА