ЗАРА-ЗАРА БАРФ МЕБОРАД САФЕД…
Зимистон меҳмони хонадони ҳар яки мост. Ҳамин аст, ки ҳама хурду калон омадани зимистон ва боридани барфро интизорӣ мекашанд.
Саҳарии имрӯз дар баробари дигар гӯшаву канори пойтахт, симои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дигар гардида, бо боридани зарраҳои сафеду нуқрагун ба дили мо шодию фараҳ омад.
Кош, дили ҳамагон мисли зарраҳои барфи сафед босафо бошаду ҳама орзуҳои дар аввали сол дар дили кӯчак парваридаи мо амалӣ шаванд. Донишҷӯёни мо дар ҷодаи илму маърифат дар соли асп ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил шаванду обрӯю эътибори донишгоҳро баланд бардоранд ва роҳи ин раҳнавардон ҳамеша чун барфҳои лаклакӣ сафед бошад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng