Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар якҷоягӣ бо раёсати таълим бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо ва самаранокии раванди таълим, рӯзи 23-юми январи соли 2026 дар мавзуи "Таҳлили дарсҳои омӯзгорон, истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо ва тарзи тартиби истифодаи журналҳои гурӯҳҳои таълимӣ тибқи барномаҳои корӣ (силлабус)” семинари омӯзишӣ-методӣ доир намуд.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки семинари мазкур ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд. Тарзу восита ва роҳу усулҳои болобурди сатҳу сифати таълим ва беҳтар гардонидани ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутахассисони соҳибмаълумоти ҷавобгӯи талаботи замони имрӯзро тайёр месозанд, аз устодони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши васеъ, малака ва маҳорати касбӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар идомаи семинар сардори раёсати таълим Шуҳрат Сулаймонзода дар бораи таҳияи барномаҳои корӣ, бонки лексия ва дигар маълумотҳои иловагӣ, баҳогузорӣ, корҳои дипломии хатмкунандагон, корҳои курсӣ, илова намудани маводи таълимӣ-фосилавӣ, ҷадвалҳои дарсӣ, дарсшиканӣ ва ҳисоботҳои таълимӣ-сарборӣ изҳори андеша кард.

Дар баробари ин, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаид Ҳамроев ба ҳозирин тарзи номнавис - сабт гардидан дар портали ягонаи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарзонагон”-ро шарҳ дод.

Сипас, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ Кӯҳзод Шодиев дар бораи дастурамал оид ба тартиб ва истифодаи журнали гурӯҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Ба андешаи баромадкунанда, иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ, назорати давомоти донишҷӯён дар раванди дарсҳо, риояи талабот ва тавсияи ба танзим даровардани журнали гурӯҳ, риояи истифодаи журнал аз ҷониби ҳар як омӯзгор ва куратори гурӯҳи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Куратор, омӯзгори фаннӣ ва сардори гурӯҳ барои бе осеб нигоҳ доштани журнал ҷавобгаранд.

Сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саъдулло Носиров дар мавзуи “Нақшаи таҳлили машғулияти таълимӣ ва арзёбии сифати он” ба таври муфассал баромад карда, қайд кард, ки нақшаи мазкур барои таҳлили машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ таҳия шуда, таҳлилгар мушоҳидаҳои ҷараёни дарсро тибқи талаботи бандҳои дахлдор қайд мекунад.

Дарс бояд ҳамон рӯз дар ҳузури омӯзгор мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирад. Таҳлил набояд ба таъхир, ба рӯзи дигар мононда шавад.

Устод як дарсро ҳамчун намуна таҳлил намуда, ба омӯзгорони ҷавон чунин тавсияҳои муфид пешниҳод кард:

Аз курсҳои такмили ихтисос, махсусан «маҳорати педагогӣ» гузашта, дар бораи методҳои нав, инноватсия ва психологияи таълим маълумот гиранд.

Аз болои худ кор кунанд, савияи донишашонро баланд, ҷаҳонбинии илмӣ ва қобилияти эҷодиашонро рушд диҳанд.

  1. Ба дарсҳои устодони ботаҷрибаю муваффақ зиёдтар дохил шуда, таҷриба омӯзанд.
  2. Аёният, васоити техникии таълим, маводи дидактикӣ (кортҳои таълимӣ дар машғулиятҳои амалӣ) истифода бурда, дарсҳоро ҷолибу пурмазмун доир намоянд.
  3. Аз методҳои нави таълим, усулҳои интерактивӣ истифода бурда, бештар проблемагузорӣ, саволу ҷавоб ва мубоҳиса ташкил кунанд.
  4. Донишҳои назариявиро бо амалия (бо ҳаёт, истеҳсолот, тахассуси донишҷӯён) алоқаманд созад, то ки донишҳои ҳосилшуда ба эътиқод табдил ёбанд.
  5. Ба дарсҳо бо тайёрии ҳамаҷониба омада, онҳоро дар сатҳи баланди касбӣ гузаронанд.

Дар охири семинари омӯзишӣ музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Наврӯз ҶОБИРОВ