Рӯзи 24 январи соли 2026 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Тарзи навиштани лоиҳаҳои грантӣ» бо иштироки тренери сатҳи байналмилалӣ, мутахассиси ботаҷриба дар таҳия ва пешниҳоди муваффақонаи лоиҳаҳои грантӣ Илҳом Маҳкамбаев доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Парвиз Ғафуров пас аз муаррифии меҳмон иброз дошт, ки фаъолияти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, пеш аз ҳама, ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, гирифтани акредитатсияи байналмилалӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои русӣ ва англисӣ, роҳандозии таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, инчунин, баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.

Номбурда бо истинод ба ҳисоботи солонаи ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор таъкид намуд, ки садоратҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо вазифадор шудаанд, то дар самти таҳияи мавзуъҳои илмӣ-фармоишӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, лоиҳаҳоро сари вақт омода намуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида дар ҳамоҳангӣ бо раёсати илм ва инноватсия ба Шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Зимни семинар Илҳом Маҳкамбаев доир ба иқтидори илмии устодони донишгоҳ барои рушди устувор, имкониятҳои мавҷудаи лоиҳанависӣ дар Тоҷикистон, имтиёзҳои пешбинишуда ва густариши ҳамкориҳо бо сохторҳои тиҷоратӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ибрози назар намуд. Ҳамчунин, ӯ дар бораи таҷрибаи худ дар таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ, раванди пешниҳоди аризаҳо, маблағгузорӣ ва ҳамкориҳо бо ташкилоту донорҳои гуногун сухан гуфт.

Ба андешаи ӯ, хароҷоти асосии лоиҳа 50-70 фоизи буҷаро ташкил медиҳанд, ки аз ҷумла маоши кормандон, сафарҳо, омӯзиш ва хариди таҷҳизотро дар бар мегиранд. Ба таъкиди номбурда, ин омилҳо татбиқи самаранок ва анҷоми муваффақонаи лоиҳаро таъмин менамоянд: «Пешниҳоди лоиҳа ҳуҷҷати ҷолибест, ки мушкилот, арзиш ва натиҷаҳои интизориро равшан шарҳ медиҳад».

Илҳом Маҳкамбаев, инчунин, ба суолҳои асосии таҳияи лоиҳа: лоиҳа чист, мушкилот дар чист, чӣ тағйир хоҳад ёфт ва ба ин чӣ гуна ноил шудан мумкин аст ба таври муфассал посух дод. Мантиқи лоиҳа, ба гуфтаи ӯ, аз пайдарпайии саволҳои «мушкилот - ҳадаф - вазифаҳо - фаъолиятҳо - натиҷаҳо» иборат мебошад.

Дар семинари мазкур устодоне, ки хоҳиши омӯзиши навиштан ва татбиқи лоиҳаҳои грантиро доштанд, фаъолона иштирок намуданд. Дар фарҷом байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Наврӯз ҶОБИРОВ