ҒОЛИБОНИ БОЗИИ ВОЛЕЙБОЛ МУАЙЯН ШУДАНД!
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ мусобиқаи дохилидонишгоҳии волейбол байни устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар натиҷа, ҷойи якум насиби дастаи раёсати ДДМИТ, мақоми дуюмро тими факулети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ва зинаи сеюмро дастаи факулети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ соҳиб гардиданд.
Ин мусобиқа бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касаба ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ роҳандозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки ин бозӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву рафоқат байни устодон ва муайян намудани дастаи ғолиб байни ниҳодҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng