Санаи 26 январи соли 2026 ҷаласаи ифтитоҳии Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир, муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз Шодибой ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.

Сароғоз меҳмонон аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, дар баробари ин, бо фаъолияти озмоишгоҳҳои гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ ва муҳосибӣ шинос гардиданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор зикр намуд, ки рушду ташаккули илми тоҷик аз масъалаҳои асосиест, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи шуроҳои дисертатсионӣ беш аз пеш густариш ёфта, ҷиҳати рушди илми миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо қаноатмандӣ аз ин мо - ҳайати профессорию омӯзгории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳама дастгириҳои Ҳукумати мамлакатро дар ин самт ба хубӣ эҳсос намуда, сипосгузории самимонаи худро баҳри дастгириҳои пайвастаи олимону муҳаққиқон баён менамоем.

Қайд гардид, ки донишгоҳ дорои 7 факултет, 21 кафедраи тахассусӣ, 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ буда, аз рӯйи 60 ихтисоси зинаи бакалавр мутахассисонро тайёр менамояд. Ба корҳои илмӣ-таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ бошад, 403 нафар омӯзгор ҷалб гардидаанд, ки аз онҳо 21 нафар доктори илм ва профессор, 145 нафар номзади илм, 84 муаллими калон ва 153 нафарро ассистентон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар 14 самт аз рӯйи 14 масъала ва 26 мавзуи илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд.

Ҳамчунин, дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ 17 ихтисоси зинаи магистратура, 16 ихтисос доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос ва 12 ихтисос докторантура-унвонҷӯ амал менамояд. Ин барои ҷалби бештари муҳаққиқон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.

Тавре Бобоҷон Сатторзода афзуд, Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» соли 2022 “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намуд. Ҷиҳати татбиқи босамари он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Бо назардошти ташаббуси мазкур, агар ба омӯзишу тадқиқи раванди амалинамоии стратегияи мазкур назар андозем, он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон пурра ба кишвари сабз табдил ёбад. Бинобар ин, таъсиси шурои мазкур дар татбиқи ҳадаф, вазифа ва принсипҳои “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” бо афзалияти бештар нақши муҳим мебозад.

Сипас, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир фармоиши раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 1 декабри соли 2025 таҳти №475/шд “Дар бораи дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис додани Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050607 - иқтисодиёти нақлиёт ва 6D050612 - иқтисоди сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 5.2.8. - иқтисодиёти нақлиёт ва логистика, 5.2.15. - иқтисодиёти сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ”-ро қироат намуда, иттилоъ дод, ки Шурои диссертатсионӣ дар ҳайати 11 нафар докторону профессорон ба муҳлати 2 соли фаъолият тасдиқ шудааст.

Мумин Шарифзода ташкилёбии Шурои диссертатсионии назди ДДМИТ-ро қадами муҳим дар рушди илми миллӣ арзёбӣ намуда, ҳамзамон, ба ҳайати профессорону омӯзгорони ин даргоҳи илму маърифат дар самти ноил гардидан ба дастовардҳои илмӣ муваффақиятҳо хост.

Дар идома, муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ба фаъолият оғоз намудани Шурои диссертатсионии 6D.КОА-108 назди ДДМИТ-ро рӯйдоди фараҳбахши илмӣ унвон карда, зикр сохт, ки шурои мазкур дар доираи сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба рушди илми миллӣ имконеро фароҳам меоварад, ки олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ дар фазои илми кишвари мо рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, андешаҳои нави илман асоснокро ба истеҳсолот равона созанд.

Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиро дар ташаккули иқтисодиёти сабз мешуморад. Зеро иқтисоди “сабз” яке аз самтҳои муосири илми иқтисод ба ҳисоб рафта, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд.

Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳанӯз 28 декабри соли 2023 таъкид дошта буданд, ки “Ташаккули иқтисоди “сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

Бо ин мақсад, дар мамлакат “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, раванди татбиқи он бомаром идома дорад.

Таъсиси Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ идомаи мантиқии тадбиқи стратегияи мазкур мебошад.

Бо назардошти ин ҳама ибтикорот ва дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо боварии комил изҳор дошт, ки “мо ба дурнамои фаъолияти босамари шуро мутмаин ҳастем, ки он ҷиҳати ҳалли масоили гуногуни илмӣ мусоидат намуда, дар оянда баҳри инкишофи ҳамгироии соҳаҳои гуногуни илму истеҳсолот заминаи хуб фароҳам меорад”.

Дар навбати худ, аъзои Шурои диссертатсионии 6D.КОА-108 назди ДДМИТ профессорон Красношеков Валентин Николаевич (мудири кафедраи идораи истифодаи захираҳои табиӣ ва муҳофизати муҳити зисти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор) ба таври онлайнӣ, инчунин, Раҷабов Раҷаб Кӯчарович ва Раҳматзода Рустам Қудрат низ аз таъсиси Шурои диссертатсионии назди ДДМИТ, ки бо дастгириҳои бевоситаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, хуш истиқбол намуда, иброз доштанд, ки ҳама гуна ташаббусҳои илмие, ки ҷиҳати рушди иқтидорҳои иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд, дар болоравии истеҳсолоти ватанӣ саҳмгузор хоҳанд буд ва аз ин рӯ, қобили дастгирӣ мебошанд.

Дар фароварди ҷамъомад Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор изҳори итминон намуд, ки Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи пешбурди босамари сиёсати тадқиқотию илмӣ, инчунин, ба истеҳсолот равона намудани ғояҳои нави илмӣ-инноватсионӣ саҳми сазовор мегузорад.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ