БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ...
Аслон Ҳомидов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи ДДМИТ, ки умри пурбаракати хешро сарфи илму омӯзишу таълим намудааст, 80-сола шуд.
Ба ин муносибат, 28-уми январи соли равон дар ҷаласаи раёсат, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба устод Аслон Ҳомидов Ифтихорномаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаро супорида, ӯро ба ин санаи муборак табрик карда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ, эҷодӣ ва кору зиндагӣ барору муваффақият таманно намуд.
Ба андешаи ректор, “омӯзгори муваффақ ҳамонест, ки мисли Аслон Ҳомидов шогирдонашро ҳамчун фарзанди хеш мешуморад ва ба онҳо дилсӯзона, серталабона ва меҳрубонона рафтор мекунад”.
Дар ҷавоб Аслон Ҳомидов барои дастгириҳои ҳамешагӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодон миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки дар тули 80 сол ман хазинаи муайяни илму маърифатро ҷамъ оварда, ин имкониятро танҳо барои насли ҷавон ва рушду равнақи илму маърифати диёри азизам мавриди истифода қарор хоҳам дод.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng