ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Санаи 29 январи соли 2026 дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз ҷониби сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов дар мавзуи «Ҷавонон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат» дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид.
Дар оғоз Сиёвуш Ҳабибов доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ғамхорӣ ба насли ҷавон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ роҳнамои ҷавонон дар роҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Номбурда иброз дошт, ки имрӯз тамоми таваҷҷуҳи давлату миллат маҳз ба ҷавонон равона гардида, барои таҳсил, рушди зеҳнӣ, касбомӯзӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин, дар рафти дарс масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносию хештаншиносӣ, зарурати дур будани ҷавонон аз хурофотпарастӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, инчунин, хатари терроризм ва экстремизм мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд бо ҷаҳонбинии солим, дониш ва маърифати баланд дар муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мавқеи устувор дошта бошанд.
Дар фарҷом Сиёвуш Ҳабибов ҷавононро ба эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои неки миллӣ, инчунин, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон даъват намуд.
Чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар самти ташаккули насли худогоҳ, ватандӯст ва масъули ҷомеа нақши муҳим дошта, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng