МАҚСАД ТАРБИЯ КАРДАНИ ДОНИШҶӮ АСТ
Тибқи нақшаи кории шурои кураторони факултети муносибатҳои иқтисодиии байналмилалии донишгоҳ бо иштироки раиси шурои кураторони ДДМИТ Мавҷуда Давлатова дар толори таълимии факултет ҷаласаи шурои кураторон доир гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, устодон ва эдвайзерону кураторони гурӯҳҳои академи иштирок намуданд.
Нахуст, Мавҷуда Давлатова дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва дарсҳои тарбиявии кураторон изҳори ақида намуда, қайд кард, ки саҳми кураторон дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос дар факултет ва донишгоҳ бениҳоят муҳим аст. Бинобар ин, кураторон бояд пайваста бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сатҳи таълиму тарбияро бо ин васила, баланд бардоранд. Дар шароити имрӯза кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд.
Дар баробари ин, ӯ дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон истода гузашта, афзуд, ки дар ҷодаи тарбия кураторон метавонанд саҳми боз ҳам бештар гузоранд. Ҳамагонро зарур аст, ки дар ин кори бомасъулият бетараф набуда, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ бикӯшанд, то ин ки натиҷаҳои назаррас ба даст ояд.
Дар охир баромадкунанда нуқтаи назари худро дар бораи роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо дар самти таълим, илм, тарбия, ба аттестатсия омода намудани кормандон, иҷрои нақшаи инфиродӣ, ҷалб ва аъзо намудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ ва донишгоҳӣ, таҳкими робитаи муассиса бо волидони донишҷӯён, риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён, дар бораи навбатдории кураторон, шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одоби муошират изҳори андеша намуда, таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуда, ба чандин суолҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng