МАСЪАЛАҲОИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲАВВУЛОТ ВА ДУРНАМО
Рӯзи 31-уми январи соли равон бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳаввулот ва дурнамо» доир гардид.
Нахуст, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов муҳтавои мавзуъро муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки баҳисобгирии муҳосибӣ низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд, мебошад, ки баҳри такмили фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Сипас, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и. дотсент Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ дар мавзуи «Механизми баҳисобгирии маблағгузории меъёрҳои сарикасӣ ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокӣ дар муассисаҳои таълимӣ» баромад кард.
Ӯ зикр кард, ки зимни Паёми навбатии Пешвои миллат рӯзи 16-уми декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: “Ба мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад”.
Дарвоқеъ, сарикасӣ маблағҳо ва захираҳое мебошанд, ки барои иҷрои вазифаҳои муайян пешбинӣ шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ маблағгузории меъёрӣ як ҷузъи муҳимест, ки ба фаъолияти устувор ва баланд бардоштани самаранокӣ мусоидат мекунад. Механизми мазкур имкон медиҳад, ки маблағҳо шаффоф истифода шаванд ва сифати таълим беҳтар гардад.
Б. Музаффарзода афзуд, ки маблағгузорӣ ба сари ҳар як донишҷӯ ҳамчун механизми меъёрӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми маблағҳои давлатӣ мутаносиб бо шумораи донишҷӯён ва маблағи муқарраргардидаи хароҷот муайян карда шавад.
Дар идома, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудитии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Баҳодур Каримов дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои баҳисобгирии идоракунӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Ӯ масъалаҳои асосии татбиқи баҳисобгирии идоракуниро дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла набудани дастурҳои методии соҳавӣ, камбуди мутахассисон, сатҳи пасти рақамикунонӣ ва имкониятҳои маҳдуди молиявии хоҷагиҳои хурду миёна арзёбӣ кард.
Барои беҳтар намудани вазъ, ӯ пешниҳоди таҳияи стандартҳои соҳавӣ, такмили барномаҳои муҳосибӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои роҳбарону муҳосибон ва мусоидати муассисаҳои давлатӣ ба рушди сохторҳои идоракунии молиявиро муҳим шуморид.
Баъдан, н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исмоил Бобиев дар мавзуи «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: муаммоҳои ташкил ва пешбурди он» баромад карда, хусусиятҳои иқтисоди рақамиро, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ, суръати баланди муомилоти молиявӣ, афзоиши савдои маҷозӣ, истифодаи маълумоти бузург ва нармафзорҳои онлайн ном бурд.
ҳамчунин ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ Пайрав Бобомуродов дар бораи таҷрибаи татбиқи Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ – 41 «Кишоварзӣ» маърӯзаҳои ҷолиб ироа намуданд.
Дар идомаи кори конференсия сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёҳат Шарипова дар мавзуи «Масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар асоси стандартҳои бахши давлатӣ: таҳаввулот ва дурнамо», ҳамчунин, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ Пайрав Бобомуродов дар мавзуи «Таҷрибаи татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ - 41 «Кишоварзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳо намуданд.
Дар қисмати муҳокима ва саволу ҷавоб устодони донишгоҳ - Рустам Раҳматзода, Баҳром Сафаров, Илҳои Неъматов, Субҳоналӣ Мирзоев, Суннатулло Нуриддинов, Бобомурод Бобомуродов ва дигарон иштирок карда, пешниҳодҳои илмӣ ва мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng